Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ. Миралиён Қиёмиддин
баландӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он ба ӯ вобаста карда мешавад.
Президент ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол аз ҷониби шаҳрвандони болиғ интихоб мегардад. Ҳар як шаҳрванде, ки синну соли ӯ ба 30 расидааст, забони давлатиро медонад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад.
Мутобиқи Конститутсия Президент салоҳият дорад (моддаи 69):
– Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян кунад;
– Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ кунад;
– Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам диҳад;
– Сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъин ва озод кунад; Фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;
– Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро таъин ва озод кунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешиҳод намояд;
– Санадҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияро ҳангоми мухолифати онҳо ба Конститутсия ва қонунҳо бекор кунад ва ё боз дорад;
– Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод кунад ва фармонро ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;
– Номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод намояд;
– Бо ризоияти Маҷлиси миллӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод кунад;
– Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис диҳад;
– Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбарӣ кунад;
– Судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо таъин ва озод кунад;
– Раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъин кунад;
– Ба қонунҳо имзо гузорад;
– Низоми пулиро муайян намояд ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;
– Ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ бошад;
– Ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ кунад, қарордодҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;
– Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод кунад;
– Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул намояд;
– Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошад; Фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъин ва озод кунад;
– Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон намояд ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод кунад;
– Барои