Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ. Далержон Дадоевич Ходжибаев
тағирёбии иқлим оварда мерасонад, ки пешгӯи намудани оқибати он мураккаб мебошад. Ба атмосфера миқдори дигар моддаҳои гамонанд ва аэрозолӣ ворид мшаванд. Аз манбаъҳои табиӣ антропогенӣ муотаносибан, ба мисоли: 6 • 103 ва 4 млн т/год, оксида углерода— 103 ва 300 млн т/сол, метан— 14*1012 ва 100 млн т/сол, пайвастагиҳои сулфур— 250 ва 70 млн т/год, карбогидрадҳо —200 ва 50 млн т/сол. Дарознокии мавҷуд будани ин моддаҳо дар атмосфера аз соатҳо то солҳоро дар бар мегирад.
Миқдори умумии моддаҳо, ки ҳамасола аз сатҳи Замин аз манбаъҳои табиӣ ворид гашта аэрозолҳоро (системаи дисперсӣ, ки аз заррачаҳои сахт ё қатраҳои моеъ, ки дар ҳолати муаллақ дар муҳити ҳавоӣ мебошанд) ташкил медиҳанд баробари 800-2200 млн т мебошад. Дар натиҷаи фаъолияти антропогенӣ боз аз 200 то 400 млн заррачаҳо ҳамроҳ мешавад.
Аз рӯи ҳисоби мутахассисон дар атмосфера ҳамеша 30-70 млн т аэроолҳо мавҷуд мебошанд (заррачаҳои андозаашон гуногун).
Аз рӯи дисперснокии чанг се намуди онро Г.М. Гордон и ИЛ. Пейсахов пешниҳод менамоянд калон (d > 10 мкм), чанги хурд (d = 1 – 10 мкм) ва дуд (d < 1 мкм), ки d- диаметри заррача аст.
Партови модаҳои радиоактивӣ ба атмосфера, бештар барои ҳавмаи мавҷудоти зинда хатарнок мебошад. Дар атмофера чанги моддаҳои радиоактивӣ аз сабаби боришот ба инсон, ҳайвонот ва наботоб таъсир мерасонанд. Ҳолатҳо касалшавӣ дар натиҷаи ин гуна таъсирот маълум аст.
Маълум аст, ки манбаъҳои асосии антропогении ифлосшави ҳавзаи ҳавоӣ ин стансияи электрикии гармӣ аст, ки партови онҳо 43% аз ҳамаи миқдори партовҳо ба атмосфера мебошад. Партовҳои газии металлургияи сиёҳ 14,7; корхонаҳои металлургияи ранга – 8,4 %, дигар корхонаҳои саноатӣ ва нақлиёт – 23,1%.
Дар ҷадвали 6,1 маълумотҳои асосӣ оиди манбаъҳо ва намуди ифлосшавии ҳавзаи ҳавоӣ дар ИМА оварда шудааст.
Ифлосшавии хок ва об бо сурб, ки дар газҳо ихроҷшавандаи автомодилӣ мебошад, дар наздикии бевоситаи роҳҳо ба вуҷуд меояд. Вайроншавӣ ё деградатсияи пурраи сатҳи растанидор дар радиуси 4,-5 км аз электростансияҳои гармӣ ва корхонаҳои металлургӣ ба назар мерасад.
Ифлосшавии атмосфера ба саломатии инсон таъсири калонро дорад. Ҳисоб карда шудааст, ки дар ИМА дар натиҷаи ифлосшавии ҳаво танҳо дар панҷ сол ба ҳалокати бармаҳал дучор шудани 25 ҳаз. н., 50 млн ҳодисаи зиққи нафас, 2- млн дигар касалиҳои нафаскашӣ ва ғ.
Танзими ҳуқуқӣ ва меъёрии ҳифзи муҳити ҳавоӣ
Дар соли 1963 Ташкилоти ҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ дар СММ тавсия додааст, тозагии ҳаворо дар асоси критерияҳои, ки ба дараҷаҳои муайян мувофиқ мебошанд, маълум бояд намуд (дар китоб).
Қонуни ҶТ Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера. Қонуни мазкур муносибатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, новобаста ба шаклҳои моликияташон, барои нигоҳдорӣ ва барқарорсозии сифати ҳавои атмосфера ва таъмини амнияти экологӣ танзим менамояд.
Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:
– нигоҳдорӣ, беҳтарсозӣ ва барқарорсозии ҳолати ҳавои атмосфера;
– пешгирӣ ва паст кардани дараҷаи таъсири манфии кимиёвӣ, физикӣ, биологӣ ва дигар таъсиррасонӣ ба ҳавои