Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ. Далержон Дадоевич Ходжибаев
гармидиҳии марказию инфиродӣ, ки бо ангишт ва ҳезум кор мекунанд, сифати ҳаворо дар фасли зимистон бад мегардонанд, гази табиӣ барои гармкунии хонаҳо истифода намешавад. Барои тайёр намудан ва гармкунии хӯрок ҳезум ва ангишт истифода мешаванд. Партовҳо ба ҳавои атмосфера инчунин аз ҳисоби сӯзонидани пояи пахта (ғузапоя) ҳосил мешаванд.
Беназорат сӯзонидани партовҳои истеъмолӣ ва пасмондаҳои муассисаҳои табобатӣ низ манбаи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳисоб мераванд.
Аз ҷониби давлат чораҳои дахлдор андешида мешаванд – санҷиши дуднокӣ, назорати сифати сӯзишворӣ, дастгирии рушди нақлиёт бо сӯзишвории газ. Дар давоми 15 соли охир ҳиссаи автомобилҳои бо газ коркунанда чанд маротиба зиёд шудааст, аз 5% то 30- 40%. Истифодаи васеи гази моеъ аз ҳар ҷиҳат бояд дастгирӣ ёбад, чунки он метавонад партовҳоро ба ҳаво нисбат ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ кам кунад. Автомобилҳои сабукрави электрикӣ ва гибридӣ кам истифода бурда мешаванд, вале бо тараққиёти технологияи истеҳсол ва паст рафтани нархи хариди онҳо дар шароити электроэнергияи арзон ин намуди нақлиёт ояндаи хуб дорад. Аз соли 2018 дар мамлакат воридоти автомобилҳои куҳна, соли бароришашон то соли 2005 манъ шудааст.
3. Таъсири антропогенӣ ба гидросфера
Таъсироти антропогенӣ ба ҳавзаи обӣ
Обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ қабати обии сайёраро, ё ин ки гидросфераро ташкил медиҳанд.
Обҳои сатҳӣ уқёнусҳо, баҳрҳо, кӯлҳо, дарёҳо ва дигар ҷараёнҳои обу ҳавзҳоро дар бар мегиранд. Ба обҳои зеризаминӣ обҳои намуди гуногун дахл доранд, ки онҳо дар қабатҳои болои литосфера ҷойгир шудаанд. Обҳои Замин дар ҳаракати мунтазам мебошанд. Гирдгардиши об ҳамаи қисмҳои гидросфераро пайваст менамояд, ки он системаи сарбастаро ташкил медиҳад. Одатан дар об ғашҳои пайдоишашон ғайриорганикӣ ва органикӣ мавҷуданд. Оби ширин ва шӯрро ҷудо мекунанд, сайёраи мо асосан аз оби шӯр иборат мебошад. Шӯрнокии миёнаи оби уқёнус баробари 34,7%, ё ин ки 34,7 г/л мебошад. Миқдори намакҳо дар оби ширин бошад на зиёда аз 1 г/л мебошад.
Аз сатҳи умумии Замин, ки баробари 510 млн км2 мебошад, 70,8% ро уқёнусу баҳрҳо ва 29,2 % ро хушкӣ ташкил медиҳад. Тақрибан 3% сатҳи хушкиро обҳои дохили материкӣ – кӯлҳо, дарёҳо ва ғ. ташкил медиҳад, ва тақрибан 11 % сатҳи хушкӣ бо пиряхҳо пӯшида шудааст.
Дар айни замон массаи об тақрибан 0,02% массаи курраи заминро ташкил дода, ҳаҷми он баробари 1,45*109 км3 мебошад. Тақсимоти ҳаҷми об дар қитъаҳои гуногуни гидросфера чунин тавр мебошад, ҳаз. км3:
Уқёнуси ҷаҳонӣ 1 370 323
Обҳои зеризаминӣ 60 000
Аз он ҷумла минтақаҳои фаъоли мубодилаи об 4 000
Пиряхҳо 24 000
Кӯлҳо 280
Намнокии хок 85
Буғи атмосферӣ 14
Обҳои дарёҳо 1,2
Об дар уқёнусҳо минералонидашуда мебошад (миқдори миёнаи намак; -35 г дар як литри об); миқдори зиёди обҳои